(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марҳалаи оғози корҳои бузург

Мувофиқ ба нақшаи тадбирҳои мураттабнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Fаффорова дар толори маҷлиси Қасри фарҳанг доир гардид.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба маҷлиси фаъолон ҳусни оғоз бахшид ва изҳор дошт, ки дар маҷлис як масъала –натиҷагирӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодии хоҷагиҳои халқи шаҳри Хуҷанд дар се моҳи аввали соли 2015-ум мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад. Дар он муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия, сарварони мактабҳои олӣ, сарварони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабҳои шаҳр, сарварони муассисаҳои тиб, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва КВДК «Сарраёсати ободонӣ,хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ» ширкат доштанд. Иброҳим Сангинович аҳли толорро бо соли фарҳангу оила, соли ободониву гулҳо, соли идомаи роҳҳои обод шодбош гуфта, арз дошт, ки мардуми шарафманди шаҳри Хуҷанд дар маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи вакилон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, вакилон ба Маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ бод арки масъулияти баланд ширкат намуда, раъйи хешро барои ояндаи Тоҷикистони пешрафтаву шукуфон доданд, ҳамзамон, Наврeзи ҷаҳониро, ки сатҳи ҷумҳуриявии он дар шаҳри Хуҷанд доир гашт, бо омодагии комил истиқбол намуда, сазовори баҳои баланди ҷаноби олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Дар баробари иштирок ва иҷрои ин тадбирҳои ҳаётан муҳим сокинони сарбаланди шаҳри Хуҷанд фаъолияти пурсамар доштанд,-афзуд Иброҳим Сангинович, - ва дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи аввали соли 2015-ум, ки дар асоси таҳлили маълумотҳои таъҷилӣ, аз ҷумла, воқеӣ, андозу буҷет, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ таҳия шудааст, гузориш дод.

Дар семоҳаи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 137464,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014-ум 25, 3 фоиз  зиёд аст,- қаноатмандӣ зоҳир кард Иброҳим Иброҳимов,- истеҳсоли маҳсулоти озуқа, таҷҳизоти барқӣ, коркарди чeбу тахта, истеҳсоли маснуот аз чeб, нассоҷӣ, дeзандагӣ ва амсоли он афзуд. Корхонаҳои шаҳр бо истеҳсоли номгeи маҳсулот ба мисли ранг, санг, либоси варзишӣ, маргарин ҷиддан машғул гашта, онро ба давлатҳои муштаракулманофеъ содир карданд. Илова ба он 120 ҷойи корӣ дар ин корхонаҳо зиёд гардид.
Қисми даромади буҷети умумӣ то 1-уми апрели соли ҷорӣ ба андозаи 105,4 фоизи нақша иҷро гардид, ки 64246,3 сомониро ташкил дод. Аз 11 намуди андоз 6 намуди он дар марҳалаи ҳисоботӣ иҷро нагардид. Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра 24777, 5 сомонӣ ё 80,5 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра, ки фасли сарморо низ дарбар мегирифт, интиқоли барқ ба аҳолӣ беҳтар шуда, 300 тонна маводи зиддилағжиш захира карда шуд. Ба хотири истиқболи Наврeзи ҷаҳонӣ роҳҳои кeчаҳои Чашмаи арзана, Исмоили Сомонӣ, Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо аз таъмири ҷорӣ ва кулл бароварда шуданд. Таъмири бомҳои хонаҳои баландошёни истиқоматӣ ба роҳ монда шуд.
Баҳри ҳифзи иҷтитмоии аҳолӣ як зумра корҳо ба иҷро расид, тариқи баргузории Ярмаркаи ҷойҳои холии кор шаҳрвандони корҷe бок ор таъмин гаштанд. Ба ҳисоби миёна ҳаҷми музди меҳнати кормандони шаҳр 949,5 сомониро ташкил дод, ки назар соли гузашта 70 сомонӣ зиёд аст. Кумитаи замин ва шeъбаи манзили шаҳр 4416 нафар ниёзмандро ба рeихат гирифтааст, ки зина ба зина ниёзи онҳо бароварда мешавад. Умуман, дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи шаҳр 1735 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 294 адад зиёд мебошад. Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки мардум бо мақомоти иҷроия қаробати наздик дорад ва эътимодаш бузург аст.
Иброҳим Сангинович дар хусуси қадршиносии 60 нафар рузноманигори собиқадор ва ҷавон дар рузи иди матбуот, аёдати 2000 нафар дар остонаи Наврeзи Аҷам, баргузории 526 маъракаи тую дигар маросим ва амсоли он сухан гуфта, фаъолони шаҳрро бовар кунонд, ки мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд тамоми имкониятҳоро баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ истифода мебарад ва дар ободонии аз ин бештари ватан саҳм мегузорад.
Баъдан, Иброҳим Иброҳимов ба Абдураҳим Солиев, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроия сухан дод. Мавсуф арз дошт, ки шуъба аз рeи нақша ва дастуру супоришҳои давлату ҳукумат фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Чанде пеш Қарори Раиси шаҳр муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар хусуси таъсиси 50 ҳазор сомонӣ Грант барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба тасвиб расид. Соҳибони гранти эълоншуда ҳунарҳои мардумиро рушд дода, дар як маврид соҳиби кори доимӣ мегарданд ва ҳамчунин зумраи корҷeёнро ба фаъолияти нафъовар ҷалб месозанд.
Абдураҳим Солиев аз фаъолият бозмондани 28 корхонаи саноатиро дар сабабҳои субъективию объективӣ донист. Бархе аз корхонаҳо нигарони фармоишгаранд, ки имрeзҳо гуфтушунидҳо бо онҳо вусъат доранд.
Иброҳим Сангинович супориш дод, ки дар корхонаҳое, ки ин давра фаъолият набурданд, таҳлили амиқ бурда шуда, чораҳои амалӣ андешида шавад.
Д.Шокиров, директории генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ» дар хусуси ободкориҳои сарраёсат дар ин марҳала сухан гуфт.
F.Дадоҷонов, мудири бахши нақлиёт ва алоқаи шаҳр ба тақвияти сухани маърeзачӣ илова кард, ки дар қаламрави шаҳр 912 адад нақлиёт аз 9 ширкати нақлиётӣ ба  мардум хизмат расонида истодааст. Дар бахши хизмати алоқа – телефонҳои шаҳриву байнишаҳрӣ дар хизмати шаборeзии сокинони шаҳр қарор доранд.
Иброҳим Сангинович дар хусуси  кай ворид намудани нақлиёти калони мусофиркаш -автобус ба шаҳр пурсон шуд.
Fафурҷон Дадоҷонов оид ба ин  масъала гуфт, ки Лоиҳа дар ин хусус мавриди омeзиш қарор дорад ва Бонки рушди Аврупо маблағгузории ин Лоиҳаро бар уҳда дорад.
Азбаски намуди дигари нақлиёти мусофирбар – троллейбус – аз истифода берун шудааст, зарур аст, ки корхонаи «Троллейбусҳо» фаъолияти  минбаъдаи худро муқаррар намояд.
Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Бахтиёр Қосимов аз боби баъзе шикасту рехти мактабҳои санъати шаҳр, бунёди мактаби санъат дар маҳаллаҳои Мевағулу Тиллокон сухан кард.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муҳайё Дадобоева дар хусуси гиромидошти соли оила ва дар партави он баргузории силсилатадбирҳоро, амсоли «Дарёи муҳаббат», «Тарроҳи  беҳтарин», «Пазандаи моҳир» ифода намуд.
Дар шаҳри Хуҷанд,- гуфт Иброҳим Иброҳимов, - оилаҳои намунавие, ки фарзандони зиёдро тарбияи нек дода истодаанд, кам нестанд. Тарғибу ташвиқи чунин оилаҳо зарур аст.
М.Миркамолов, мудири бахши танзими расму оин ва дини шаҳр дар навбати хеш изҳор кард, ки сокинони шаҳр тадбиру маросимҳоро мувофиқи Қонун доир намуда истодаанд, вале бо вуҷуди он дар марҳалаи ҳисоботӣ 3 қонуншиканӣ ошкор карда шуд. Баҳри покизагии ахлоқи ҷавонон, тарзи либоспeшии ҷавонзанҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба ин муаммо силсилатадбирҳоро доир намуда истодаем.
Иброҳим Сангинович дар робита ба ин мавзуъ арз дошт, ки дар шаҳри Хуҷанд мо бояд як мавқеъ дошта бошем, анъанаҳои хуби ниёгонамонро идома бидиҳем ва шукри осмони софу сулҳу амонӣ намоем.
Раисикунандаи маҷлиси фаъолон Иброҳим Иброҳимов сухани навбатиро ба муовини Раиси вилояти Суғд Назира Абдуллоевна Fаффорова дод. Мавсуф аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ карда, баъзе камбудиву норасоиҳои соҳаҳои тандурустиву маориф, иҷроиши нокомили қонунҳо дар бораи тарбияи фарзандону маъракаороиҳо, ҷиноятсодиркунии ноболиғону занон (ба авбошиву қаллобии занон изҳори нигаронӣ намуд), дар вақту рeзи корӣ ба масҷид рафтани кормандони соҳаҳои гуногун, пошхурии оилаҳоро боиси ташвиш ҳисобид. Соли фaрҳанг,- гуфт Назира Абдуллоевна,- танҳо ба соҳаи фарҳанг мутааллиқ нест, фарҳанги оиладорӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, фарҳанги либоспeшӣ, фарҳанги одобу рафтор, фарҳанги донишандeзӣ ва амсоли он, ҳама аз маданият ва фарҳангсолории мардуми мо маншаъ мегирад. Яъне соли фарҳангро маҳдуд фаҳмидан хатост.
Бо қабули эроду пешниҳодҳои муовини Раиси вилоят Назира Fаффорова, раисикунандаи маҷлиси фаъолони шаҳр Иброҳим Сангинович Иброҳимов ба масъулони соҳаҳо бори дигар муроҷиат намуд ва ба маҷлис хотима бахшид.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...