14 Апрел 2015
Чанде пеш ба мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ сокинони кӯчаҳои ба номи Шариф Раҷабов ва “Истиқлол”-и маҳаллаи Раззоқи шаҳр аз таъмиртлаб будани кӯчаҳояшон арз карда буданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз асли воқеа ба маҳалли истиқоматии номбурда омада, бо вазъият ошно шуд ва бо сокинон сӯҳбати гарму самимӣ орост.
Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки худи сокинон низ дар ин кор бояд ташаббускор бошанд. Ҳалли мушкилоти ҷамъшавии оби борон ва ободонии кӯчаҳо ин корҳоест, ки бошандагони маҳаллӣ имкон доранд тариқи ҳашар ба сомон расонанд. “Ба ҳар як ташаббуси ободкорона ва созандагии мардум Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ бетараф набуда, барои ҳама иҷрои ҳамаи ташаббусҳои мардум ва амалҳои нек кӯмаки амалии худро хоҳад расонд. Ин супориши роҳбари давлат ва дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аст.” – таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки сохторҳои дахлдори маркази вилоят барои омода ва ройгон дастрас намудани ҳалқаҳои бетонӣ кӯмаки худро расонанд.
Ҳамчунин дар натиҷаи мулокоти самимии бо бошандагони маҳалла бо Раиси шаҳр мувофиқа шуд, ки мумфаршкунии кӯчаҳои мазкур, ки 1 км дарозӣ дорад, 50 фисад аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 50 фисад аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаи аҳолӣ таъмир ва мумфарш карда хоҳанд шуд.
Сокинон аз ин дастгирии Раиси шаҳр изҳори қаноатмандӣ карда барои дастгирӣ арзи сипос карданд. Корҳои таъмиру тармим дар кӯчаҳои номбурда аллакай оғоз шудаанд.