11 Апрел 2015
Маҳфили номбурда бо иштироки 10 оилаи намунавии маркази вилоят доир гашт. Оилаи ҷавони маҳфил собиқаи 30 солаи оиладорӣ ва кӯҳансолтаринаш бошад, собиқаи 60 солаи оиладорӣ доранд. Иштирокдорони маҳфил аз рӯзгори оилвии худ ба иштирокчиён нақл намуда, хушбахтии оилаи худро дар осудагии оила ва сиҳатии фарзандон медонанд. Иштирокчиён тариқи суолу ҷавоб лаҳзаҳои ҷолиби зиндагии якҷоя, мушкилии рӯзгори худро нақл намуданд.
Чорабиниро намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангии занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳр шукӯҳи хоса бахшид. Барои иштирокдорони маҳфил тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар се мохи аввали соли 2015 дар шахри Хучанд 218 оила бунёд шудааст.
Маҳфили «Дарёи муҳаббат» давоми як соат идома ёфта теъдоди зиёди тамошобинонро ҷамъ овард.
Давоми сол чунин маҳфил озмун аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои шаҳр доир гардида дар интиҳои сол натиҷагирӣ хохад шуд.