10 Апрел 2015
Ба ин муносибат дар кӯчаи навбунёди маҳаллаи «Ваҳдат», ки номи Мавҷуда Ҳакимова гузошта шуд, ҷамъомади хотиравӣ ва номгузорӣ доир гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, дар назди ҳозирон баромад намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд хизматҳои арзандаи журналист, шоира драматург ва ходими давлати қайд намуда, изҳор дошт,ки эхтироми фарзандони диёр, шахсиятҳои шинохтаи миллат аз дастуру иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Дар ҳамин замина сиёсати Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ ба он нигаронда шудааст, ки кору зиндагиномаи чунин шахсон ҳамеша бояд мавриди омӯзиш ва намунаи ибрати насли ҷавон бошад. «Ному фаъолияти эҷодии Мавҷуда Ҳакимова чун журналист дар газетаи «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» ва дар маҷаллаи «Фирӯза» чун мактаби сухани боло ва эҷодиёти нотакрор абадӣ нақш бастааст.» таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, пайвадони шодравон,- хоҳари шоира Мақсуда Ҳакимова, додарзодааш,узви Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоикистон Саодат Аминҷонова барои қадршиносии ин зани суханвар ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва макмоти маҳаллӣ сипосмандӣ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ва пайвандони шоира пардаро аз рӯи лавҳаи хоиравии шоира Мавҷуда Ҳакимова бардошта хотираи неки ӯро пос доштанд.