10 Апрел 2015
Қабл аз ҷамъомади тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити хизмат буду боши сарбозон, таъмини маводи хӯрока ва захираи он ошно гардид.
Лозим ба ёдоварист,ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз қисми низомӣ соҳиби биною иншоотхои нав шуда, барои омодагии ҳарбӣ, омӯзиши низомӣ тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд масъулин иттилоъ доданд,ки ҳоло барои таъминоти сарбозону афсарон, тамоми намуди маводи ғизо ба ҳадди кофӣ захира карда шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба номгӯи таоми хизматчиён ҳатман таомҳои миллӣ ҳамроҳ карда шуда, беш аз ҳама ба ғизонокии онҳо эътибор дода шавад. Баъдан дар саҳни ҳавлӣ ҳамоиши идона доир гардида онро муовини фармондеҳи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сайидмӯъмин Иззатов ифтитоҳ бо суханони муборакбодӣ оғоз намуд.
Сипас ҳайати шахсию фармондеҳии қисми низомии мазкурро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ин санаи хотирмон табрик намуд.
«Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд.» зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раҷаббой Аҳмадзода 10 нафар сарбозон ва хизматчиёни қисми низомии мазкурро барои хизмати софдилонаашон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.
Барои тамоми ҳайати шахсӣ ба муносибати ин ид аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри дастухони идона ороста шуда, барномаи консертии ҷолиб пешкаш гардид.