09 Апрел 2015
Шаҳри Хуҷанд чун яке аз марказҳои саноатии кишвар заминаҳои мусоиди таъсиси корхонаҳои гуногуни коркарди сангҳои қиматбаҳо ва маъданҳои табииро дорост. Ин нукта меҳвари асосии сӯҳбати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати роҳбарият ва кормандони Ширкати коркарди санги «Ҷобири Собир» буд.
Ширкати мазкур аз соли 2006 инҷоиб фаъолият дошта, нақша дорад дар шаҳри Хуҷанд як коргоҳи нави худро барои коркарди санг ифтитоҳ намояд. Бо ин мақсад харидории таҷҳизоти муосир ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА бо таъсиси ҷойи корӣ барои 100 нафар пешбинӣ гаштааст. Барои фаъолияти пурсамари корхона мутахассисони баландихтисос аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудаанд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд.
Ширкати мазкур маҳсулоти худро аз конҳои кӯҳии ноҳияи Истравшан, Мастчоҳ ва дигар минтақаҳои вилоят то шакли нимкоркард омода намуда, баъдан дар коргоҳи дар Хуҷанд таъсис ёфта омода ва истеҳсол менамоянд. Маҳсулоти асосии коргоҳро сангҳои ороишии сохтмонӣ, рӯйпӯши сангии роҳрав, сутунпояҳо, армуғонҳои хотиравӣ аз санг ташкил хоҳанд дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода омодагии Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои оғози фаъолияти коргоҳи мазкур изҳор намуда, ба роҳбарони воҳидҳои дахлдори мақомот супориш дод, ки барои то интиҳои соли равон ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳи нав мусоидат намоянд.