03 Апрел 2015
Давоми чанд рӯзи охири моҳи март ва аввали моҳи апрел дар маркази вилоят якбора ҳавои сард ҳукмфармо гашта, хавфи сармозании гулу ниҳолҳои баҳорӣ ва ороиширо дошт.
Чунон, ки қаблан иттилоъ дода будем дар ҷаласаи кории худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои пешигирии ҳолати хунукзанӣ ва осебёбии гулу лолаҳо ва дарахтони сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас дода буд.
Ин тадбир имкон дод, ки дар майдону гулгаштҳои шаҳр ин ниҳолу гулҳо полиэтиленпӯш гардида, то ҳадди имкон аз талафёбӣ эмин нигоҳ дошта шуданд. Ҳоло баробари аз нав гармшавии ҳаво масъулини идораи кабудизоркунӣ тамоми майдону гулгаштҳои шаҳрро бори дигар аз санҷиш гузаронида, қисмҳои осебёфтаи гулҳои ороиширо барқарор мекунанд. Назар ба таҳлилҳои мутахассисон гули лола, дарахтони сӯзанбарг, «Нахл» (Пальма) ва дигар намуди ниҳолҳои ороишӣ комилан аз сармо эмин монда, гули навъи «Марҷонгул», ки ба оилаи гулҳои «Ҳолландӣ» таалуқ дорад, талаф ёфтанд. Айни замон идораҳои дахлдори ободонӣ ва кабудизоркунӣ тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд корҳои иваз намудани гулу буттаҳоро давоми ду рӯз бояд ба анҷом расонанд.