02 Апрел 2015
Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҷавонписарон,-сарбозон муроҷиат намуда, таъкид намуд, ки «Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона месозем, то халқи азизамон дарк намояд, зеро артише, ки марзашро ҳимоя карда метавонад ва мардумаш таҳти ҳимояи он аст, зиндагии осоишта ба сар мебарад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имрӯзҳо барои мустаҳкам намудани пояи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кадрҳои баландихтисос ва ботаҷриба, таъмин намудани сафи афсарон, беҳтар кардани шароити зиндагии низомиён диққати махсус зоҳир менамоянд.» Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо чун сарбозони шуҷоъ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ӯҳдадориҳои ҳарбии худро дар назди Ватан – Модар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Баъдан раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳошимҷон Осимов, модари даъватшуда Гулнора Ҳотамова аз даъватшудагон хоҳиш намуд, ки барои хизмати софдилона ва содиқона саю кӯшиш намоянд.
Хизматчии ҳарбӣ серҷант Фарҳод Каримов сухан гуфта, қайд намуд, ки тамоми сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар барои омӯзиши ҷавонон бо малакҳои ҳарбӣ ва обутобёбии онҳо чун ҳимоятгари ватан донишу таҷрибаи худро дареғ нахоҳанд дошт.
Ҷавони даъватшуда Санъат Убайдуллоев дар назди ҳозирон ваъда дод, ки онҳо бо сари баланд хизмати модар-ватанро ба ҷо оварда, барои ҳимояи манфиатҳои кишвари худ вазифаҳои дар наздашон гузоштаро сари вақт ба ҷо хоҳанд овард.
Дар ҷамъомад ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба серҷанти милитсияи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд серҷанти милитсия Парвизҷон Ёқубов барои мардонагию шуҷоатмандиаш ҳангоми наҷот додани сокини ноҳияи ба номи Б. Ғафуров ҳангоми ғарқшавӣ дар дарёи Сир Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ супорида, амали ӯро намунаи шуҷоат ва далерӣ номид.
Дар анҷом аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи консертӣ манзури ҳозирон гардид.