27 Март 2015
Имрӯз баъд аз зӯҳд дар маркази вилоят маросими тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Лавҳаи «Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода, зиёда аз 20 нафар сокиноне, ки ба гирифтани унвони фахрӣ сазовор дониста шуда буданд ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат доштанд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо шаҳрвандони фахрӣ сӯҳбати гарму самимӣ ороста, аз хизматҳои арзандаи онҳо дар рушду нумӯи соҳоти гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуданд.
Байни онҳо олими шинохта, ходими давлатию ҷамъиятӣ, профессор Атахон Сайфуллоев, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷкистон Ҷӯрабек Набиев, ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова ва даҳҳо дигарон буданд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баробари изҳори қаноатмандӣ аз сифати корҳои сохтмонӣ ҷиҳати боз ҳам ободу сарсабз гардондани атрофи Лавҳа фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 23 нафар шаҳрвандони фахрӣ нишони сарисинагии «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»-ро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуданд.
Лавҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ шудааст.
Зимни сӯҳбати самимӣ бо Раиси вилоят ходими давлативу ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова арзу сипоси минатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии насли калонсол баён дошт.