23 Март 2015
Дар хаймаҳои наврӯзӣ, маҳаллаҳои шаҳр маҳсули ҳунармандони худро ба номоиш гузошта, барои тамошобинон шеъру таронаҳои наврӯзӣ хонаданд.
Ҳамчунин аз ҷониби марказҳои фарҳангии мардуми афғон, турк, эрон ва тотор дастурхони наврӯзӣ ороста шуда, маросиму анъанаҳои наврӯзии худро муаррифӣ намуданд. Дар растаҳо маҳсули меҳнати ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ, чӯбкорӣ ва ғайра гузошта, ҳунармандон ҳозиронро бо намунаҳои кор ва нозукиҳои касби худ шинос намуданд. Дар саҳни майдон бошад гурӯҳи худфаъолияти дорбозони халқӣ, ки дар назди Хонаи маданияти № 2 шаҳри Хуҷанд амал мекунад, барои иштирокдорони чорабинӣ барномаи махсуси наврӯзии худро пешниҳод намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев растаю хаймаҳои наврӯзиро тамошо намуда, ҳозиронро барои саҳмашон дар баргузорӣ ва муаррифии наврӯзи Хуҷанди бостонӣ изҳори сипос намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маркази вилоят чорабиниҳои наврӯзӣ аз санаи 12 март оғоз ёфта то 26 моҳи равон идома хоҳанд ёфт. Дар баробари ин дар тамоми 22 маҳаллаҳои шаҳр 70 деги суманак гузошта шуда, барномаҳои фарҳангии сокинон омода ва пешкаш гардида истодааст.