21 Март 2015
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи меҳмонон, муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ба Иди «Наврӯзгоҳ» омада, аз хаймаю гӯшаҳои идонаи корхонаю муассисаҳо ва таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус дидан намуданд.
Ҳангоми боздид Раиси шаҳр бештар аз ҳама ба маҳсули меҳнати эҷодкорон ва растаҳои ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, муасссисаҳои таълимии эҷодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода баробари суҳбату мулоқот бо эҷодкорон ва омӯзгорони ҳунарҳои дастӣ таъкид намуд,ки имрӯз диққату эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои эҳё ва рушди ҳунарҳои суннатии аҷдодонамон бендоза аст. Дар навбати худ Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои беҳтару бештар густариш ёфтани ҳунармандӣ тамоми шароитҳоро муҳайё хоҳад кард.
Баъдан дар назди ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда тамоми иштирокдорон ва меҳмонони чорабиниҳои наврӯзии маркази вилотро бо ин танатанаҳои бошукӯҳ табрик намуд.
«Тамаддуни ориёӣ ва гаронбаҳои мо ба инсоният ҷашнеро пешкаш сохтааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад.
Маҳз бо кушиши пайваста, иқдоми ватанпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди мили ва шукӯҳманди мо мақоми байналмилалӣ пайдо карда, Иди Наврӯз аз 19-уми феврали соли 2010 бо қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун иди арзишманд ва мероси тамаддуни башарӣ эълон гардид. Зеро Наврӯз дар худ ҷавҳари инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукориро то ба даврони мо овардааст.
Ба андешаи мо ба чунин мероси фарҳангиву ирфонӣ ҷомеаи мутамаддини муосир дар шароити имрӯза бештар ниёз дорад.
Маҳз мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯз имрӯз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардум нақши муассир дошта бошад ва чун меҳвари ваҳдату оромӣ, созандагию ободии диёри азизамон хизмат намояд.
Дар баробари ин дар арафи таҷлили Наврӯзи хуҷастапай вусъат додани корҳои ободию созандагӣ, аз анъанаҳои неки мардуми мо аст.
Мардуми меҳнатдӯсти мо шоҳиди он ҳастанд, ки аз давраи наврӯзи гузашта то ин наврӯз дар шаҳри Хуҷанд чандин корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ, ҷойҳои нави корӣ ва тадбирҳои дигар ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногун анҷом дода шуданд.
Ин раванд зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ қарор дощта дар ин самт корҳои назаррас ва таҳкимбахшандаи рушд пешбинӣ гаштааст.» таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова ҳозиринро ба Наврӯзи ҷахонӣ табрик намуд.
Дар танатанаи наврӯзи Хуҷанд вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва хайати шахсони расмӣ аз кишварҳои Ҳиндустон Эрон ва Афғонистон иштирок намуданд.
Аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи шаҳру вилоят барномаи консертӣ пешкаш гардид.