20 Март 2015
Бо садои карнай сабзаю суманак гулдухтарон ва сокинон меҳмонони Наврӯзи Хуҷандро Раҷаббой Ахмазода харамақдам гуфт.
Баъди қабули расмӣ меҳмононро ба таҷлили Наврӯзи маҳаллаи «Сари баландӣ» даъват намуданд. Дар маҳаллаи мазкур аз ҷониби бошандагони махалла дастурхони наврӯзӣ ботаомҳои миллӣ ороста шуда, иштирокдорони чорабиниро бо анъанаҳои мардумии маҳал ошно намуданд. Растаи ҳунармандони маҳалла бошад бо гузоштани маҳсули меҳнати худ аз қабили, гавҳораю, сандуқ, дастгоҳи бофандагию зарфҳои рӯзгор ва ғайра меҳмононро пазироӣ менамуданд. Дар баробари ин Раиси шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо меҳмонони наврӯзи Хуҷанд дар расми ба истифода додани бинои истиқоматии баландошёнаи 16 ҳуҷрагӣ,ки ошёнаи якуми он аз чойхонаи маҳалла иборат хоҳад буд, ширкат намуданд. Ҳозирон баъди тамошои растаҳои наврӯзӣ меҳмони омӯзгорон ва донишҷӯёни Колеҷи тиббӣ шуданд. Дар ин макони дониш низ бо қувваи муҳассилину устодон, тамоми намуди ҳунарҳои миллӣ, барномаи консертӣ баргузор гардид. Баробари таҷлили Наврӯз дар муассисаи таълимии мазкур хатнатӯйии се нафар кӯдак аз оилаи ниёзманд доир карда шуд, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо адибони маъруф Меҳмон Бахтӣ, Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба онҳо супориданд.
Дар назди ҳозирон шоирони номии кишвар Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир баромад намуда ҳозиронро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуданд.
Тантанаҳои наврӯзии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хучанд идома дорад.