18 Март 2015
Баробари буридани лентаи рамзии дафтари корӣ, сардори намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс меҳмононро хайрамақдам гуфта онҳоро бо ҳайати корӣ ошно намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо роҳбарияту кормандони ин бонк тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати фазои мусоиди инвестсионии кишвар бо кушишу заҳматҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чунин ташклотҳои бузурги молявӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти густардада доранд. Амалӣ гаштани марҳилаи сеюми лоиҳаи беҳтар намудани вазъи обтаъминкунии аҳолӣ ба маблағи зиёда аз 10 миллион доллари ИМА, лоиҳаи таҳкими фаъолияти Идораи партовкашонӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион доллари ИМА, баррасии лоиҳаи таъмин намудани маркази вилоят бо нақлиёти мусофиркашониии ҷамъиятӣ ин номгӯи нопурраи фаъолияту ҳамкории сохторҳои шаҳр бо ин бонк аст. Дар баробари ин чунин ҳамкориҳои судманд байни иниститутҳои молявии ватанӣ аз қабили Бонки «Эсхата», ТАКХ «Имон Интернешнл», ширкатҳои тиҷоратӣ, бозгӯи он аст, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории судманд ва устувори ҷонибҳо идома дорад.
Дар навбати худ Роҳбари намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон изҳор намуд, ки маҳз мавҷудияти таҷрибаи ибратбахш ва фаъолияти намунавии муасисаҳои маркази вилоят боиси он гардид, ки намояндагии ин ниҳодӣ байналмиллалии молӣ намояндагии худро дар вилоят ифтитоҳ намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 ба соҳибкории хурду миёна кӯмак мерасонад. То имрӯз дар кишвари мо 450 корхона аз кумакҳои бонки мазкур ба маблағи зиёда аз 4,2 миллион евро бархурдор гаштаанд.