1003
(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)
14 Март 2015
Бо мақсади беҳдошти фазои экологи ва ба роҳ мондани корҳои ободони санаи 14 марти соли равон тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, нақшаи кории Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр ва дар доираи эълон гаштани ҳашарии умумиҷумҳуриявии ҷавонон таҳти шиори «Рушди туризми экологӣ», ҳамчунин барои сазовор пешвоз гирифтаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар маркази вилоят шанбегии умумишаҳрӣ бо ҷалбу иштироки фаъолонаи, ҷавонон, варзишгарон ва тамоми ниҳодҳои зертобеи бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар истироҳатгоҳҳои ба номи К. Хуҷандӣ, «Наврӯзгоҳ», соҳили дарёи Сир, ва дигар мавзеҳои фароғатии шаҳр ҳашарчиён аҳлона меҳнат намуда, барои тоза намудани мавзеҳои номбурда аз партовҳо, алафҳои бегона, ҷӯёборҳо ва соҳил саҳм гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шанбегӣ зиёда аз 1500 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарон иштирок намуда, барои обод гаштани шаҳр дар арафаи таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Шарҳ додан