Навгонӣ
07 Сентябрь 2015
Недоступен ни однин перевод.
Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба ҳашт нафар собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.
Мукофотро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латипов, муовини раиси Ҳизби Халқи демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин шахсон супориданд.
Дар қатори мукофотгирандагон собиқадорони меҳнат ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Баҳриддин Ахмедов, Толибҷон Ҳасанов, Абдушукур Назаров, Фаросат Набиева ва ҳамчунин Мукаррама Бузурукова, Муминҷон Орипов буданд.
Читать полностью