04 Апрель 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, намояндагони мақомоти прокуратура, милитсия ва амнияти миллӣ, уламои дин бо омӯзгорон ва волидайни муассисаи таълимии мазкур мулоқот баргузор гардид.
Муҳтавои асосиии мулоқотро пешгирии шомилшавии шаҳрвандонба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси Олӣ ва иҷрои бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масоили рӯзмарра ташкил намуд.
Таъкид шуд, ки имрӯз ифротгароӣ ва иртиҷоъпарастӣ воқеан ҳам ба амнияти миллӣ метавонанд таҳдид кунанд ва зикр кардан ба маврид аст, ки қонун бояд дар масъалаҳои муҷозоту масъулият ва ҷавобгарӣ барои амалҳои ифротгароёна, иртиҷоъпарастона ва ҳаросафканона шадидтар амалӣ гардонида шавад.
То имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон расман фаъолияти чунин ташкилотҳои ҳаросафкан, ифротгаро ва иртиҷопараст манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: “Ҳизби терррористии наҳзати ислом” "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии «Ӯзбекистон», "Ҷамоати Таблиғ", "Толибон", "Тоҷикистони озод", "Ҳизб-ут-Таҳрир", ҳаракати "Салафия", ҳамчунин созмони "Шоҳидони Яҳё".
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм борҳо дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардидааст, ки мо бояд алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи муштарак дошта бошем. Дар ин робита Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки “террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд».
Хулоса, экстремизм ва терроризм ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқагузорӣ мебошанд. Инсоният аллакай таҷрибаи муқовимат бо чунин идеологияро пайдо намуда истода, хусусияти дастҷамъона доштани онро тақвият мебахшад. Вале мутаассифона, баъзе неруҳои манфиатдор ба қувват гирифтани идеологияҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, аз ҷумла террористӣ мусоидат намуда, онҳоро ҳимоя мекунанд ва бо ин амали хеш хатарҳои ҷиддии эҳтимолиро сари инсоният ба бор меоранд. Мулоқот бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд