03 Апрель 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ оғози Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон " таҳти унвони "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст " бо шукӯҳу шаҳомати хосса ифтитоҳ гардид.
Дар саҳни Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ бо садои карнаю доира меҳмононро истиқбол гирифтанд. Тарбиятгирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистони №33 бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ меҳмононро пазироӣ намуданд.
Намоишҳои васеи китобию матбуотӣ ва инчунин намоиши дастранҷи хонандагон иборат аз гулдӯзиву кашидадӯзӣ ташкил карда шуд. Пас аз садо додани гимни фестивал директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ ба фестивал ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни бузурги китоб таҳният гуфт. Номбурда зимни суханронӣ зикр намуд, ки фестивали мазкур ҳамасола аз санаи 2 апрел то 9 апрел ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад. Муҳимтарин вазифаи фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебоиписандӣ, худшиносӣ, ифтихор аз Тоҷикистон, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азиз- Тоҷикистон мебошад.
Дар чорабинӣ Усмонова Фароғат- мутахассиси пешбари маркази илмӣ методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Замира Мансурӣ- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Мӯҳсин Аминзода - Узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир, рӯзноманигор, Муаттар Ғаниева- директори хона - музейи Муҳиддин Аминзода ва Мирзо Турсунзода , шоира, Саиднабӣ Наҷимӣ- адиби кӯдакон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдуҳамид Ҷӯраев- рӯзноманигор, сармуҳаррири радиои Замон, Ӯлмаси Хол- шоир, драмманавис, Ҷӯразода Набӣ мушовири бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Ӯлмасова Замира- профессор, декани факултаи филология тоҷики ДДХ ба номи Б.Ғафуров, кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии Тошхуҷа Асири, омӯзгорон ва толибилмони МТМУ №1 ва №3, мактабҳои санъати №2 ва №4 шаҳри Хуҷанд ҳузур доштанд.
Пас аз ироаи сухани шодбошии мутахассиси пешбари маркази илмӣ методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Усмонова Фароғат дӯстрӯякони ширхоргоҳ-кӯдакистони №33 бо рақси зебои худ ба чорабинӣ ранги дигар бахшиданд. Толибилмони МТМУ №3 бо композитсияи адабӣ-бадеии худ таҳти унвони "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст " ва ҳамчунин бахшида ба 70 солагии рӯзноманигор ва шоир Мӯҳсин Аминзода таҳти унвони "Шоир аз шаҷараи шоирони номвари Хуҷанд " баромад намуданд.
Хонандагон дар васфи китоб шеъру гуфтор қироат намуда, саҳначаи "Чӣ тавр китобхон шудани хонандаи сустхонро" - намоиш доданд. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир Мӯҳсин Аминзода маълумот дода, аз эҷодиёташон шеърҳо қироат карданд. Дастпарварони мактабҳои мусиқӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи санъат бо навбат суруд сароиданд.
Меҳмонон ва адибон бо навбат суханронӣ намуда, ба фестивали мазкур ҳусни дигар зам намуданд.