20 Март 2024
Дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст. Дар ҳошияи ин, аз ҷавонон тақозо мешавад, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо илму дониши қавӣ, ақлу заковат, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкорона, касбу ҳунари воло ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоранд.