27 Январ 2024
Субҳи имрӯз дар гӯшаву канори шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонону варзишгарон дар доираи аксияияи ҷумҳуриявии таҳти унвони "Дарахти ман сарсабзии Тоҷикистон"бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ баргузор гардид.
Дар шанбеги тоза намудани гирду атрофи бинои муассисаву толорҳо, ҷӯйборҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан, буридани шохҳои дарахтони хушкшуда ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд.
Аксия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалистони шаҳр ва хонандагони Литсейи касбии политехникии шаҳр дар Боғи Ғалаба низ баргузор гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд