17 Июль 2023
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз, яъне 16-уми июли соли равон сокинони шаҳри Хуҷанд бо рўҳияи идона ва фаъолона ба участкаҳои интихоботии худ ҳозир шуда, ба номзади арзандаи хеш ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро доданд.
Бояд таъкид намуд, ки имрўз дар қаламрави шаҳри Хуҷанд интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 баргузор шуда истодааст. Дар ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13, 64 участкаҳои интихоботӣ буда, дар он 110 ҳазору 610 интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, аз ин шумора 735 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.
Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгиранд, соати 20-00-и имшаб, яъне шоми 16-уми июли соли ҷорӣ баста мешаванд.
Натиҷаҳои пешакии интихобот давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ эълон хоҳад шуд.
Тибқи иттилои Илҳом Саидов, раиси ҳавзаи якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 то соати 12:00 имрӯз дар саросари шаҳр 76 ҳазору 785 нафар ё худ 69,4 % интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзида, ба номзади арзандаи хеш райъ доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд