06 Май 2023
Сарвар Расулов, собиқ магистранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, хатмкардаи Донишгоҳи славяни русӣ-Тоҷикистон факултети ҳуқуқшинос, сокини шаҳри Хуҷанд соле қабл бо амри дил ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, дар Баталёни алоҳидаи ҳамлаовари десанти куҳӣ хизмат намуда, сарбаландона қарзи шаҳрвандиашро сарбаландона иҷро карда, ба хонааш баргашт.
Бояд қайд намуд, ки дар тарбияи ин ҷавони ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпеша саҳми модари ӯ- Лайло Маҳмудҷонзода, ёрдамчии прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум хеле бориз аст, ки дар ниҳоди фарзанди хеш дўст доштани Ватан, пос доштани якпорчагии Тоҷикистони азиз, муқаддас будани ҳар як ваҷаби сарзамини аҷдодиро талқин намуда, ин ҷавонмардро дар руҳияи ватанпарастӣ ба камол расонидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд