07 Март 2023
МОДАР – ТУ ОФТОБИ ЗИНДАГОНӢ
Модарону хоҳарони меҳрубон, бонувони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва орзуву таманниёти нек аз номи Маыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шуморо ба муносибати Рӯзи Модар, ки воқеан ҳам иди меҳру вафо ва садоқат ба зан – модар маҳсуб меёбад, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва пирўзиву баракати зиндагониро орзу менамоям.
Боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо тантанаву шукӯҳи хоса ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавият, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии шумо – модарону бонувони иззатманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд, ки: «Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад». Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамеша пуштибон ва ғамхори бонувону модарони гиромиқадр буда, барои амалишавии иқдомҳои шоистаи занон шароити мусоидро фароҳам меоваранд.
Зан – модар мураббии аҳли башар ва устоди нахустини ҳар инсон, муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ў қарзи муқаддаси ҳар инсон маҳсуб ёфта, подоши заҳмату бедорхобиҳои ӯ рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Бори дигар ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми занону модаронро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу дили бещам ва дар тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи Модар муборак, модарону бонувони азиз!