07 Октябр 2014
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, барои ин кори хайр ва иқдоми нек ба соҳибкор изҳори сипосмандӣ намуд.
«Имрӯз натиҷаи сиёсати Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди соҳибкорӣ ва дастгирии он, ба фаъолият шурӯъ намудани ин гуна иншоотҳои замонавию хуштарҳи хизматрасонӣ аст. Маҳз ободию сарсабзии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон аз иқдомҳои ободкорию созандагиии сарвари давлатамон аст.Бинобар он моро лозим аст,ки пайваста дар фикру андешаи дастгирии чунин иқдомҳои самарабахш бошем».
Бинои тарабхона бо маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бунёд ёфта, 40 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуданд. Музди миёнаи маоши онҳо ҳазор сомониро ташкил дода, минбаъд имконияти зиёд шуданро дорад.
Дар чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи вилоят бо барномаи ҷолиби консертӣ баромад намуданд.