04 Октябр 2014
Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» дар ҳузури наздик 5 ҳазор нафар сокинон, ва меҳмонон, шахсони барӯманди диёр, шаҳрвандони фахрӣ барномаи адабӣ консертӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси бахши Иттифоқи Нависандагон Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод сухани шодбошӣ гуфтанд.
Зимни суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири арзиши ин сана сухан гуфт.
«Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Чуноне ки Президенти кишварамон ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад».
Забони тоҷик, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо шеъри Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар саромадону роҳпаймоёни адабиётамон шӯҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст, Забон муаррифномаи миллатест, ки номашро бо сухан бардоштаанд.»
Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бобати манзалати шеъри тоҷикӣ ва қувваи таъсирбахши он ҳарф зада таъкид намуд,ки нигоҳдорӣ ва гиромидошти ин забони қадимаю ширин рисолати имрӯзи мардуми ин миллати сарбаланд аст.
Баъдан ҳунармандони Кохи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ бо барномаи рангин ва пурмазмуни худ ба ин ҷашн шаҳомати хоса бахшиданд.