16 Апрель 2022
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 солагии Ваҳдати миллӣ чойхонаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд баъди таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи чойхона Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, гуруҳи меҳмонон аз шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорусия, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Дар саҳни ҳавлии чойхона аҳли маҳалла намоиши дастовард ва ҳунару истеъдод ва урфу одатҳои қадимаи тоҷиконро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ки ҳамзамон масъули Ҳукумати мамлакат баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35 солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ифтитоҳи чунин маркази фарҳангӣ ва маиширо барои сокинони маҳалла дар остонаи ба 25 солагии Ваҳдати миллӣ фоли нек арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки чойхонаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов дар замони гузашта ҷойи нообод буда, баъди таъмиру азнавсозӣ симои худашро куллан дигаргун намуд. Дар чойхона шароити хуби хизматрасонӣ ба сокинон ва муаррифии таомҳои миллии тоҷикона муҳайё мебошад.
Намои дохилӣ ва берунии чойхона бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба симои маҳалла зебоии хоса зам менамояд ва таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
Барои табъи болидаи мизоҷон саҳни бинои чойхона ва атрофи он бо гулҳои рангоранг ва ниҳолҳо оро ёфтааст.
Сокинони маҳалла барои фароҳам овардани чунин имконот ва макони истироҳату фароғат мубаддал намудани як гўшаи маҳаллаашон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки бо иқдомҳои бунёдкоронаи шаҳрдорӣ соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 3 чойхонаи нави маҳаллаҳои “Мевағул”, “Қўшҳавз” ва “Сари баландӣ” сохта ба истифода дода шуданд, ки имрўз аҳолии маҳаллаҳо аз ин марказҳои фарҳангиву маишӣ самаранок истифода намуда истодаанд. Инак чорумин чойхонаи ҷадид мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Интизор меравад, ки марҳила ба марҳила дар тамоми гўшаву канори 22 маҳаллаҳои шаҳр чунин чойхонаҳои замонавӣ барои мардум сохта ба истифода дода мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд