05 Август 2021
Тибқи дастури Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳамарўза дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа сурат мегирад.
Ин навбат гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби ҷавонону варзишгарон бо сокинону бошандагони маҳаллаҳо, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва нақлиёти мусофиркашон чунин корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд.
Аз ин рӯ аз ҷониби гуруҳи тарғиботӣ мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуда, варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 тақсимот карда шуд.
Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки барои наҷот ёфтан аз беморӣ эмгузаронӣ намоянд. Дар тамоми марказҳои саломатӣ нуқтаҳои эмгузаронӣ ташкил гардидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд