19 Октябрь 2018
Субҳи имрӯз дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳии он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва доираҳои васеъи соҳибкорону ширкатҳои сохтмонӣ иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки солҳои охир дар кишвар рушди сохтмон ва меъморӣ ба тадриҷ инкишоф ёфта, намояндагони ин касб бо тахаюли рангин ва эҷодиёти нав навъҳои гуногуни тарҳи биноҳоро бо махсусиятҳои миллӣ офарида истодаанд.Имрӯз бо шарофати ташаббусҳои созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ба пешвози 30 солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6300 иншооти таъиноташ бунёд шуда истодааст. Дар радиф дар қаламрави вилояти Суғд дар баробари корҳои бунёдӣ, рушди бемайлони соҳаи саноати кишвар ба мушоҳида мерасад, ки фақат давоми 9 моҳи охир маҷмуъи маҳсулоти саноатии вилоят ба беш аз 8, 1 миллиард сомонӣ баробар шуд. Содироти маҳсулоти саноатӣ, бахусус семент ба хориҷи кишвар афзудаааст, ки он беш аз 350 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни суханронии худ гуфт, ки алъон дар Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз 60 ширкат ҳузур дорад ва ин имкон медиҳад, ки рушди соҳа дар ояндаи наздик тақвият ёбад.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд