17 Октябрь 2018
Мубин Шарифов, корманди бахши маъмурию ҳуқуқии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо амри дил ба хизмати ҳарбӣ рафт.
Мубин Шарифов, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки мо – ҳама хурду бузурги кишвар, алалхусус ҷавонон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи Ватанамон буда, садоқат ба Пешвои миллат, Давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Мо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ монда, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем ва ҳамеша барои ҳимояи Ватан аз таҳдиду хатарҳои муосир омода ҳастем.Воқеан ҳам ин иқдоми ватандӯстони Мубин Шарифов барои дигар ҷавонони Хуҷандшаҳр намунаи ибрат ва пайравӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Давлат ва Ҳукумати ҷавони кишвар барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонида, ба уҳдаи онҳо иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандонро вогузор намуд. Ва имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар муҳлати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтаанд.
Ҳифзи Ватан, ору номус, матона, ва ҳимояти марзу бум вазифаи ҷонии ҳар фарди кишвар аст.
Биёед ВАТАН-амонро худамон ҳифзу посбонӣ намоем!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд