13 Декабрь 2013
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиоттро ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳр ҳамзамон қайд намуд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 87 корхонаи калону миёнаи саноатӣ, 600 корхонаи хурд дорад ва зиёда аз 8 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба мардум хизмат расонида истодааст.
Дар 47 мактаби гуногунравияи шаҳр ва 4 мактаби олӣ толибилмон забони англисиро ба таври мукаммал омӯхта истодаанд ва имрeзҳо,- афзуд Раҷаббой Каримов,- беш аз 250 нафар аз шаҳри Хуҷанд дар мактабҳои олии Амрико таҳсил намуда истодааст.
Бояд қайд кунам, ки дар айни ҳол 20 лоиҳаи инвеститсионӣ барои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангию истеҳсолӣ таҳия гардида, нигарони дастгирии сармоягузорон мебошад.
Дар навбати худ хонум Сюзан Эллиотт аз пазироии Раиси шаҳр изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки алҳол аз Маркази тиббии «Нурафзо» дидан кардаву қаноатманд гаштам, ки соҳибкорони амрикоӣ чунин марказро аввал дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар шаҳри Хуҷанд бунёд намудаанд. Потенсиали чунин сармоягузорӣ дар Тоҷикистон вусъат дорад. Лоиҳаи давлатии «Касса-1000», ки он бевосита ба вилояти Суғд алоқамандӣ дорад, вазъияти барқтақсимкуниро ба аҳолӣ ва корхонаҳо беҳтар мегардонад.
Ҳарду ҷониб дар ҳусни тафоҳум ба сӯҳбат анҷом бахшиданд ва барои якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.