(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ баргузор ва онро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Шӯро, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз намуд.

Аз рӯйи мавзӯъи аввали рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таҳти унвони “Ҳадаф ва вазифаҳои минбаъдаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ” Раиси Шӯрои мазкур, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода маърӯза намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамасола фазои сармоягузории ватаниву хориҷӣ, фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат рў ба рушд оварда, самараи заҳмати соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии мамлакат пайваста эҳсос мегардад.

alt Шоистаи зикр аст, ки имсол дар остонаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша ва барномаҳои ҳадафманди таҷлили шукуҳманди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтанд. Мардуми Тоҷикистон бо шукргузорӣ ва як ҷаҳон ифтихору саодат ва рўҳияи баланди идона ин тадбирҳои наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намуда, барои дар амал татбиқ намудан ва иҷрои босамари онҳо омодагии сазовор мебинанд. Дар ин арса аллакай силсилаи корҳои созандагиву бунёд-корӣ дар саросари Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, аз баракоти Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо боз ҳам шукуфову хуррам мегардад. Дар қаламрави вилояти Суғд низ ба шарафи ин ҷашни таърихии миллат тибқи қарори Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар қаламрави шаҳр низ тибқи қарори Раиси шаҳр 1300 рӯзи ободониву созандагӣ эълон гардидааст. Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида то таҷлили ин ҷашни таърихӣ сохтмони корхонаи истеҳсолӣ, муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳо, муассисаи томактабӣ, беморхона, бунгоҳи тиббӣ, маркази тиббӣ, дорухона, майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, азнавбарқароркунии боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхона, маркази савдо, маркази хизматрасонӣ, майдончаи бозии кўдакон, меҳмонхона ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун маҷмуъан зиёда аз 500 адад пешбинӣ гардидааст. Амалӣ шудани нақшаи чорабиниҳо имконият медиҳад, ки дар се соли оянда сатҳи зиндагии мардум баланд ва симои шаҳри Хуҷанд тамоман дигаргун шавад. Ёдоварӣ бамаврид аст, ки давоми соли равон аллакай теъдоде аз корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои дар назди худ гузоштаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба сомон расиданд.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар шароити муосир ҷалби сармоягузорӣ яке аз омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад корҳо барои омодасозии лоиҳаи портали инвеститсионии Хуҷанд идома дорад. Мақсади омода намудани чунин портал ва минбаъд ҷой додани он дар шабақаҳои интернетӣ ин пеш аз ҳама инъикоси имконияту иқтидорҳои мавҷудбудаи минтақа барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр мебошад. Баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва нерўи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пўст ба маблағи 12,5 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи пойафзолбарорӣ ба маблағи 12,6 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллари амрикоӣ, яхдону сардхона-ҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллари амрикоӣ ва фабрикаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн. доллари амрикоӣ мавриди омодасозӣ қарор гирифта, барои рушди соҳаҳои дигари афзалиятнок низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда лоиҳаҳои инвес-титсионӣ барои пешниҳод ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва институтҳои молиявӣ омода карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нўҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар шаҳр 21,6 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ 10,8 млн. доллар ва сармояи дохилӣ 10,8 млн. долларро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба маблағӣ 3,5 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ва 100 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи дохили зиёд ба иқтисодиёти шаҳр ҷалб гардидааст. Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан барои тибқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтаргардонии вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон равона шуда, сармояи дохилӣ бошад, дар соҳаи манзилию иҷтимоӣ, яъне сохтмони биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

Таъкид гардид, ки сармоягузориҳои номбурда бевосита бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо пуштибонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд. Мо низ дар навбати худ бо истифода аз имконоти Шӯрои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ баҳри ҷалби сармояи мустақим кӯшиш намуда, дар ташаккул ва рушди саноати шаҳр, инкишофи соҳаи иқтисод ва савдо, хизматрасонии пулӣ чораҳои таъхирнопазир андешем. 
Шаҳрдор зикр дошт, ки бо мақсади ошкорро баргузор намудани сўҳбат ва баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаб дар рафти истеҳсолот, инчунин қабул намудани дархосту пешниҳодҳои соҳибкорон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз санаи 15 январ то 13 феврали соли 2018 ва аз 14 август то 15 сентябри соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 114 нафар соҳибкорон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр қабул гардида, фаъолияти 63 адад корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии шаҳр дар ҷояш мавриди омўзиш қарор гирифт. Бояд қайд кард, ки дар маҷмўъ дар шаҳр теъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар санаи 1 октябри соли 2018 ба 8106 нафар расида, аз онҳо 5679 нафар бо патент ва 2427 нафар бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Дар ин давра ба миқдори 811 нафар бо патент ва 212 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуданд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум фаъолияти соҳибкорӣ бо патент 493 адад ва бо шаҳодатнома 13 адад кам ба қайд гирифта шудааст. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ миқдори барҳамхўрии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017-ум 26,2 фоиз, яъне ба миқдори 92 адад бо патент ва ба миқдори 108 адад бо шаҳодатнома фаъолияткунанда кам ба қайд гирифта шудаааст. Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, 25,8 фоизро занҳо ташкил дода, 1643 нафар бо патент ва 450 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд.

altИттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тарғиби фаъолияти соҳибкорӣ байни аҳолӣ, алалхусус, ҷавонон ва занону духтарон қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 7 июни соли 2018, №302 “Дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ ва тарғиби фаъолияти соҳибкорӣ байни аҳолӣ барои соли 2018” қабул гардида, гурўҳи корӣ вазифадор гардидааст, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни зикргардида ва татбиқи нақша – чорабиниҳои шаҳрӣ доир ба тарғиби фаъолияти соҳибкорӣ байни аҳолӣ, бахусус миёни ҷавонон, занону духтарон тадбирҳо андешад. Тибқи нақша – чорабиниҳои шаҳрӣ санаҳои 16, 23, 30 июл ва 6 августи соли 2018 дар асоси Барномаи тасдиқгардида, дар мавзўъи “Банақшагирии тиҷорат ва сохтори нақшаи тиҷоратӣ” якҷоя бо Маркази таълимии “Таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия” байни занон ва духтарони хонашин бо теъдоди 25 нафар гузаронида шуд.Дар пояи қарори мазкур, силсилаи иқдомҳои зиёд, аз ҷумла ташкили рўзи ягонаи вохўрии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорон, таъсиси клуби соҳибкорони ҷавон, ташкили семинарҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидорҳои технологӣ ва идоракунии кормандони корхонаҳои хурду миёнаи шаҳр, баргузор намудани мизҳои мудаввар дар мавзўъҳои марбут ба тиҷорат, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии соҳибкорон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ байни соҳибкорон, муаррифии минтақаи нави саноатии шаҳр барои соҳибкорон, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёна, муаррифии иқтидорҳои инвеститсионӣ ва содиротии шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст. Бо мақсади ҳавасмандгар-донии соҳибкорони бомасъу-лият дар иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳанги андозсупории соҳибкорон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нозироти андоз дар шаҳр қадрдонӣ намудани соҳиб-корон бо супоридани сипосномаҳо ҳангоми ҷамъбаст намудани нимсолаи дуюми соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. 

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода қайд намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ шудани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ, дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр минтақаи нави саноатӣ дар майдони 49,2 га. таъсис гардида, то санаи 1 октябри соли 2018 ба 15 нафар соҳибкорони ватанӣ қитъаҳои замин барои сохтмони коргоҳу корхонаҳои саноа-тию истеҳсолӣ ҷудо карда шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки тибқи нақшаи муфассали ин минтақа дар ин минтақа ҷой додани 51 адад субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Баҳри боз ҳам ривоҷу равнақ додани соҳибкорӣ дар вилоят қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 апрели соли 2018, №146 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» ба тасвиб расид, ки 8 самти соҳаҳои фаъо-лияти соҳибкорӣ 42 номинатсияро дар бар гирифта, ба ҳар нафари ғолиб мукофоти махсус муайян карда шудааст. 

Дар анҷоми суханронии худ, Раиси Шўрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки мақсади асосии Шўро ин пеш аз ҳама мусоидат ба амалигардонии тадбирҳо доир ба беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар шаҳр буда, фаъолияти пурсамари Шўро ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр алоқамандии зич дорад, зеро он қарорҳое, ки қабул карда мешаванд, ҳамчун маҳаки асосӣ барои рушди шаҳр ва дар ин замина минтақа хизмат хоҳанд кард.

Сипас, аъзои Шўрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ ба миқдори 28 нафар муаррифӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Бо назардошти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пешниҳод гардид, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ маҳз дар мавзӯъи «Рушди сайёҳӣ – омили рушди иқтисод ва муарифкунандаи Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шавад. 

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзоёни он пешниҳодҳои ҷолиб ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои мазкур манзур карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласаи нахустини Шўрои машваратии назди Раиси шаҳр оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ изҳори умедорӣ карда шуд, ки Шўро бо ҳайати мазкур ҷиҳати татбиқи амалии эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бо дастовардҳои тозаи истеҳсолӣ пешвоз гирифтани ин санаи фархунда, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ривоҷу равнақ додани соҳибкорӣ дар шаҳр саҳми беназири худро мегузоранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...