(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2017 оғоз ёфта, дар зарфи бештар аз 1 сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ ва аёниятҳои фаннӣ таъмин гардидаанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимӣ барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар масоҳати наздик ба 2 гектар бунёд ёфтааст. Иншоот аз ду бино иборат буда, бинои якум аз 3 қисмати 4-5 ошёнагӣ ва бинои 2-юм аз 1 қисмат иборат мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои насли нав ҳамаҷониба омӯзанд.

Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Барои касбомӯзии толибилмон дар муассисаи мазкур синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона бунёд ёфтааст. Бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда онҳо метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ машғул шаванд. Маҷлисгоҳи муассиса дорои 240 ҷои нишаст буда, бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимӣ барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин таълимгоҳ дорои 4 утоқ барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ ва ҳуҷраи табибон буда, барои толибилмон китобхонаи электронӣ бунёд ёфатааст.

Муассисаи таълимӣ ҳамзамон дорои майдонча барои бозиҳои футбол ва волейбол буда, гирду атрофи иншоот бо дарахтони мавсимӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ кабудизор карда шудааст.

Таҷҳизоти гармидиҳии синфхонаҳо бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад, ҳамчунин истгоҳи барқии муассиса бо 2 адад трансформатор таъмин гардидааст.

Зимни суҳбат Пешвои миллат толибилмонро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои гуногун, бахусус азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба омӯзгорон дастур доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ бошанд.

Пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маориф, омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе суханронӣ карда, вазъи имрӯзаи соҳа ва нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти рушди минбаъдаи мактабу маориф таҳлилу баррасӣ намуданд.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...