24 Август 2018
Субҳи имруз дар бинои Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои кишвари Ҳиндустон ба кори худ шуруъ кард.
Боиси зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур давоми панҷ сол инҷониб дар вилоят гузаронида мешавад. Имсол дар ярмаркаи мазкур ширкатҳои ҳиндустонӣ 150 номгӯйи маҳсулотро пешкаши сокинон ва меҳмонони маркази вилояти Суғд менамоянд.
Масъулин мегӯянд, ки баргузории намоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо сурат гирифта, ба хотири наздик намудани аҳли тиҷорат, пайдо намудани ҳамкорони боэътимод ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни халқҳои ду кишвар роҳандозӣ шудааст.Намоишгоҳи мазкур то санаи 9-уми сентябр идома меёбад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд