21 Июл 2018
Тавре, ки иттилоъ дода будем, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 21 ва 22 июли соли равон дар шаҳрҳои саноатии вилоят, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.
Субҳи имрӯз дар ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзии назди майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба бозор бо нархҳои арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд.
Нархи як кило гӯшти гов 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 33 сомонӣ, шакар 5 сомонию 50 дирам, картошка 0,75-0,80 дирам, асал 20- сомонӣ, пиёз 0,60 дирам, 1 халтаи 50 килои орди навъи якум 120 сомонӣ арзиш доштанд.Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла: ҶДММ «Нони гарм», «Файзи Расул», «Кабири Хуҷанд», «Темуриён» ва ассотсиатсияи «Занбӯрпарварони шаҳри Хуҷанд» молу маҳсулоти хешро бо нархи яклухтфурӯшӣ манзури харидорон намуданд.
Интизор меравад, ки пагоҳ низ ба ярмаркаи мазкур молҳои бештар ворид мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд