20 Июл 2018
Дирӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии шахсони маъюб, қувваи босираашон суст ва нобино, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши шашка ва шоҳмот дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино баргузор гардид.
Ин мусобиқа, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар шахсони қувваи босираашон суст ва нобино иштирок намуданд.Дар намуди шашкаи русӣ байни занон сазовори ҷои якум Дилфуза Абдуғаниева, ҷои дуюм Марҳабо Мўминова, ҷои сеюм Моҳинисо Ҳасанова сазовор гардиданд. Дар ин намуд байни мардон ҷои якумро Абдуғафур Алиев, ҷои дуюмро Акрам Салимов ва ҷои сеюмро Абдуллоҷон Мирбобоев ба даст оварданд.
Дар намуди шоҳмот байни мардон мақоми аввалро Абдуҳамид Сатторов, зинаи дуюмро Иззат Ҷаҳонгиров ва ҷои сеюмро Абдуқаюм Юнусов соҳиб гардиданд.
Аз рўи намуди шашка байни наврасон сазовори ҷои якум насиби Зумрад Қобилова, ҷои дуюм Шаҳзода Абдукаримова ва ҷои сеюм Саида Шерматова шуд. Аз рӯйи намуди номбурда байни писарон мақоми аввалро Абдуллоҷон Атамуллоев, ҷои дуюмро Парвиз Қаҳоров ва ҷои сеюмро Далер Ғаффоров ишғол намуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд