19 Июл 2018
Бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини Раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Ғолибшоҳ Убайдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода санги асос ба сохтмони зеристгоҳи барқии”Темурмалик”, воқеъ дар кӯчаи ба номи Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд гузошта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи нави барқии шаҳри Хуҷанд бо номи «Темурмалик» бо харҷи 4 миллион доллари Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид давоми 18 моҳ, яъне то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , моҳи сентябри соли 2019 сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин зеристгоҳ 2 трансформаторҳо бо иқтидори 25 000 кВТ. Ампера бо шиддати 110/10 кВТ насб мегардад. Ин имкон медиҳад, ки кори 4 зеристгоҳи дигари шаҳрро камбор намуда, таъмини барқро муваффақона роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин ин зеристгоҳ имкон дорад, ки талафот неруйи барқро аз аз 23 то 9 фисад кам намояд.Лоиҳаи мазкур барои системаи барқрасонии шаҳри Хуҷанд хеле муҳим аст, зеро зеристгоҳҳои мавҷудаи шаҳр дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ фаъолият карда, бо назардошти афзудани муштариён, дигар имкони бардошти шиддати талаботи истифодабарандагони барқро надоштанд. Дар маҷмуъ зеристгоҳи барқии нав ба беш аз 25 000 муштариён, аз ҷумла ба зиёда аз 150000 аҳолии шаҳри Хуҷандро бо неруйи барқи хушсифат таъмин менамояд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳанӯз соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи “Ваҳдат” – дар соҳили чапи шаҳр ба истифода дода шуда буд.
Таъкид шуд, ки идораи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд яке аз фаъолтарин идораҳои зертобеъи ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар мамлакат ягона ва намунавӣ бо фарогирии таҷҳизоти муосир ва пешрафта ба мардум хизмат мерасонад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд