(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода

Ба Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода

МАВЗЕЪИ ХАРОБАЗОР БА ГУЛИСТОН МУБАДДАЛ КАРДА ШУД

Мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле шоду масрур буданд. Зеро дар рӯзҳои таҷлил аз ин Иди барои миллат муҳим дар шаҳри Хуҷанд ду кӯдакистон, се бинои баландошёна, чойхона, кошонаи ҳусн, корхонаи мебелбарории «Арча-мебел» ифтитоҳ гардида, чорабинии Иди нону асал ва зардолу дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд, ки ба ҳамагон файзу фараҳ бахшид.

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳри бостонии Хуҷанд дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат батадриҷ рушду инкишоф меёбад ва мардум дар ин шаҳри бостонӣ бо беҳтарин шароити зисту зиндагонӣ иқомат ихтиёр менамоянд. Дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устуворона гузошта истодаанд. Ин ҳама шаҳодати комили иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муҳайё намудани зиндагии шоиста ба мардум мебошад, ки маҳаки асосии сиёсати раъиятпаравронаи роҳбарияти олии мамлакатро ташкил медиҳад.

Яке аз корнамои муҳташам дар рӯзҳои Иди Ваҳдати миллӣ анҷом дода шуд, ин обод гардидани як қатор иншооту кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла маҳаллаи Навбаҳор мебошад. Азнавсозии кӯдакистони №28, мумфарш шудани роҳи кӯчаи Сирдарё аз мавзеъи Наврӯзгоҳ то гардишгоҳи Ором, кӯчаи 30 солагии Ғалаба, кӯчаҳои дохили маҳаллаи Навбаҳор, мавзеъи микроноҳияи 34 мебошад, ки мардум имрӯз озодона бо шуркгузорӣ аз ин амалҳои неки давлату ҳукумат ба кору пайкори хеш машғуланлд.

10 солаҳо мавзеъи кӯдакистони №28 ноободу валангор ва даҳшатовар буд. Қаблан дар ин мавзеъ шабона роҳ гаштан бисёр даҳшатовар ва хатарвор арзёбӣ мешуд ва тӯли ин муддат якчанд ҷиноятҳо маҳз дар ин минтака ба қайд гирифта шуда буданд. Мошинсаройҳои бенизом ва ғайриқонунӣ, нуқтаҳои савдои кӯчагигию, ғайриқонунии партов, маданияти пасти шаҳрнишинӣ ва ғайра имкон намедод, ки мардум озода истироҳату истиқомат намояд. Маҳз бо дастур ншондодҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Маъруф Муҳаммадзода баъди ислоҳи камбудиҳо ин мавзеъ ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал карда шуд. Кӯдакистони наву замонавӣ бо имконоти васеъи инфрасохторӣ азнавсозӣ гардида, майдончаи нави варзишӣ ба сокинон пешниҳод карда шуд, ҳамчунин барои кӯдакони ин минтақа мавзеъи истироҳату бозӣ фароҳам гардид. Ба ин васила ин гӯшаи диёрамон ободу зебо шуд.

Мӯҳтарам Раиси вилоят!

Мӯҳтарам Раиси шаҳр!

Хушбахтона дар шаҳри Хуҷанд корҳои созандагию бунёдкорӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Маъруф Муҳамадзода ва бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят симои шаҳр батадриҷ дигаргун шуда, ба маркази воқеъии маъмуриии вилояти Суғд мубаддал шуда истодааст. Гулпӯшу чароғон шудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба мардум нерую илҳоми нав мебахшад ва азми ватандӯстиву меҳанпарварӣ менамояд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар як сокини шаҳр бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд. Яъне мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.

Бояд гуфт, ки ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии волидайн ва аҳли маорифу ҷомеа бошад.

Ба ин ҳама ғамхориҳо мо бояд бо чашму назари нек ва дили саршори муҳаббат назар андозему шукронаи ин давлату миллат ва Пешвои муаззами хеш бошем, ки чунин шаритро бароямон муҳайё сохтаанд. Ин ободиро дар баробари посу нигоҳ доштан, ҳамзамон хишти наве барои таҳкими созандагӣ гузорем, ки маҷмуъан шаҳрамон боз ҳам ободу хуррам ва назаррабо мегардад.

Бо эҳтиром сокинони маҳаллаи Навбаҳор:

Муродова Х.

Қодирқулова Г.

Алимова М.

Турсунова З.

Қосимова М.

Шарипов Н. ва дигарон.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...