03 Июл 2018
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи омодабошии мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва сатҳи тайёрии ҳарбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, дар асоси фармонҳои Вазири мудофиа-муовини аввали Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссари ҳарбии вилояти Суғд-Сардори горнизони Суғд «Оид ба ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбии бо ихтисосҳои қайдгирии ҳарбии камёфти шаҳрвандони дар эҳтиётбуда» чорабинӣ баргузор гардид.
Ин ҷамъомади ҳарбӣ дар яке аз машқгоҳҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки беш аз 120 нафар шаҳрвандони дар эҳтиётбудаи шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, дар ҷараёни он аз тарафи афсарон ба шаҳрвандон машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.Шаҳрвандон дар раванди машғулиятҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ошноӣ пайдо намуда, аз он истифода бурданд. Таъкид гардид, ки донистани истифода ва нигоҳубини аслиҳаҳои ҷангӣ барои ҳамаи шаҳрвандон муҳим аст. Зеро барои ҳимояи марзу буми Ватан мо ҳамеша омода бошем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд