27 Июн 2018
27 июн дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тибқи лоиҳа барои амалӣ кардани марҳилаи аввал, ки бунёди 5, 7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Дар рафти татбиқи лоиҳа ҳамчунин 3 купрук, 11 километр қубурҳои обгузар ва 2 адад чароғаки раҳнамо сохта шуд.
Дар маҷмуъ барои татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони 67,7 километр роҳ наздики 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати “Чайна-Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 400 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳимму саривақтӣ мебошад.