06 Сентябрь 2013
Ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов 79 нафар пешқадамони соҳа мухталифи маркази вилоятро ба ҳузур пазируфта онҳоро бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.
Ба ин қадрдонӣ 6 нафар хизматчиёни давлатӣ, 13 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, 7 нафар маорифчиён, 5 нафар сохтумончиён, 2 нафар кормандони саноат, 10 кормандони соҳаи фарҳанг ва дигарон сарфароз гардиданд. Башоратхон Назарова,сармутахассиси Шуъбаи хонаи ақди никоҳи шаҳр, Мунира Ёқубова директори Маркази таҳсилот иловагии шаҳр, раиси Кумитаи маҳаллаи «Сари санг» Махсум Бобоев, Бахтиёр Қосимов мудири Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва чанде дигарон барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои назаррас дар соли ҷорӣ аз қабили нафароне буданд, ки ба ин мукофот сазовор дониста шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҳамаи ширкатдорони ин тантанаро самимона бо ҷашни бузурги миллат табрик гуфта, барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.