02 Сентябрь 2013
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар тантанаи оғози соли нави хониш дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 шаҳри Хуҷанд иштирок намуд. Сароғоз Раиси шаҳр аз толори варзишии мактаб, ки аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст, дидан намуд. Толори варзиши, ки тули 25 соли охир руи таъмирро надида буд, бо кумаки соҳибкори маҳаллӣ аз нав барои тадрису тамрини муҳассилини дабистони мазкур омода карда шуд. Раиси шаҳр аз сифати таъмир изҳори қаноатмандӣ намуда омузгоронро даъват намуда, омузгоронро даъват намуд, ки ба тарбияи варзишии хонандагон ва тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ диққати махсус диҳанд.
Баъдан дар саҳни ҳавлии мактаб дар ҳузури омузгорону толибилмони дабистони мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов баромад намуд. У дар мавриди натиҷаҳо ва дастоварди хонандагону омузгорони шаҳри Хуҷанд ҳарф зада такид намуд, ки баҳри ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам баландтар пайваста кушиш намоянд. Иҷроиши ҳатмии санадҳои ҳуқуқии кишвар доири масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон ва ҳидояти онҳо ба роҳи неку ахлоқи ҳамида маҳаки асосии таълиму тарбия бояд бошад. Зеро сиёсати имрузаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро талаб мекунад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон барои таъмири мактаб ва толори варзишӣ ба соҳибкорон изҳори сипос намуда ба кормандони Ширкати «Ситора», ки барои саривақт аз таъмири хушсифат баровардани мактаб саҳм гузоштанд. Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорид.