27 Август 2013
Дар маркази шаҳри Хуҷанд боз як майдончаи варзишӣ барои истифодаи кудакону наврасони биноҳои истиқоматӣ, вокеъ дар кучаи Иванитский, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба ин хотир дар саҳни ҳавлии ин мавзеъ сокинон, собиқадорон ва кудакону наврасон ҷамъ омада, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримовро,ки ба хотири расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ташриф оварда буд, гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.
Раҷаббой Каримов ҷамъомадагонро бо ҷашни Истиқлолияти кишвар табрик намуда, изҳори каноатмандӣ намуд,ки сокинони маркази вилоят ғамхории Президенди кишвар Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос менамоянд ва мекушанд бо азми дучанд баҳри ободӣ ва пешрафти диёр меҳнати софдилона намоянд. «Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Қохир Расулзода то имруз 10 майдончаҳои варзишӣ барқарор ва аз нав бунёд карда шуданд. Дар ин самт боз ҳам кор идома хоҳад ёфт. Гузашта аз он то нимаи моҳи октябр зиёда аз 10 км роҳҳои шаҳр мумфарш карда хоҳанд шуд»- қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Масоҳати майдончаи мазкур 400 метри квадратиро дар бар гирифта, наздик 90 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷаи маҳаллӣ сарф шудааст. Ҳамзамон то ин руз 8 адад чунин майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, мувофиқи нақша бунёди боз чунин ҷойҳои махсуси шуғли варзишии кудакону наврасон пешбинӣ шудааст.
Лозим ба қайд аст, ки нисбати соли гузашта дар самти дастгирии соҳаи варзиш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нисбат ба соли гузашта 10 маротиба маблағ зиёдтар ҷудо намудааст,ки то имруз наздик ба 150 ҳазор сомонии он баҳри рушду нумуи соҳа масраф гардидааст.
Аз номи бошандагони биноҳои истиқоматӣ , Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова изҳори сипосмандӣ намуда, ёдовар шуд ки агарчанде сокинон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муддати 6 моҳ бунёди ин майдончаи варзиширо дархост намуда буданд, он дар муҳлати якуним моҳ сохта шуд,ки шоёни таҳсин аст.
Аз ҷониби кормандони Бахши фарҳанги шаҳр бошад барномаи консертӣ пешкаш гардид.