02 Ноябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ дар муассисаи томактабии №33-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Ровиёни беҳтарин» баргузор гардид. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии озмун парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, рушди қобилияти фикрӣ, тарбияи зебоипарастӣ, худшиносию хештаншиносӣ насли наврас мебошад.
Дар озмун аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр ғолибони даври аввал иштирок карда, аз ашъори суханвари бузурги халқи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шеърҳо қироат карданд. Ҳайати ҳакамон ба маҳорати наттоқии кӯдакон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Шоҳҷоизаи озмун ба Мунзифа Ҳошимова аз кӯдакистон-ширхоргоҳи №20 мушарраф гашт. Ғолиби озмуни «Ровиёни беҳтарин» тарбиятгирандаи кӯдакистон-ширхоргоҳи №9 Мадина Худойбердиева гардид. Аниса Юлдошева (МТТ№4), Муҳаммадсаиди Зоҳирҷонзода (МТТ№18), Хуршеда Ахмедова (МТТ№27) мақоми дуюмро соҳиб гардиданд. Ҷойи саввум насиби Моҳирахон Ҳомидова (МТТ№24), Комрон Ниёзов (МТТ№40), Даврон Ашӯров (кӯдакистони хусусии «Дилоро») гашт.
Ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома ва ҳамаи иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд