08 Сентябр 2017
Маъруф Муҳаммадзода ширкаткунандагони намоишномаро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, ба эҷодиёташон комёбиҳо таманно намуд. Ва афзуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол, ифтитоҳ гардидани намоиши рассомон таҳти унвони «Файзи Истиқлол» хеле рамзист. Чунки дар он нафақат манзараҳои табиати диёри офтобӣ, балки он дастовардҳое, ки дар тӯли истиқлолият рассомони тоҷик ба даст овардаанд, намоиш дода мешавад. Халқи тоҷик аз давраҳои қадим ба санъати тасвирӣ рағбати беандоза дошт. Бисёр нақшу нигорҳо дар деворҳои биноҳо ҳангоми ҳафриёт падидор гардидаанд, ки аз ҳунари нотакрори аҷдодони мо дарак медиҳад. Аслан, тамоми мардуми дунё рассомони бузурги халқи тоҷик Монӣ ва Камолиддин Беҳзодро хеле хуб мешиносанд ва асарҳои тасвирию минётурӣ дар ховарзамин ва кишварҳои Аврупо хеле паҳн гардидаанд. Бештар рассомони тоҷик бо сеҳри мӯқалами худ танҳо китоб ва сақфи биноҳоро оро медоданд.
Сипас, Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намунаи эҷоди рассмони чирадаст аз қабили Карим Мӯъминов, Наим Мӯъминов, Шариф Ҳикматов, Саиднеъмат Саидоқилзода, Далер Усмонов, Акбар Исоев, Валӣ Маҳмудов ва дигарон шинос шуда, ба истеъдод ва маҳорати эшон баҳои баланд дод.
Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев чун рамзи эҳтиром ба Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода намунаи эҷоди рассомонро ҳадя намуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Артгалереяи «Сомониён» ҳамчун маркази намоиши асарҳои тасвирӣ аз соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, дар тӯли қариб 20 сол, зиёда аз 150 намоишҳои хурду бузурги рассомонро ба маърази тамошо гузоштааст. Тавассути ин маъво насли наврас нисбати амали рассомӣ шавқи беандоза пайдо карда, дар мактабҳои рассомӣ ва донишкадаи санъат маҳорати худро сайқал медиҳанд ва боварӣ ҳаст, ки дар оянда бо амалҳои худ Тоҷикистони азизро машҳури ҷаҳон мегардонанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд