30 Август 2017
Ҳамшаҳриёни азиз!
Иди саиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмон мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳамшаҳриёни азизро самимона табрику таҳният мегӯям.
Мӯъминон дар ин рӯзи шариф ба даргоҳи Худои таоло бо садоқату фидокорӣ ва ибодату парҳезгорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму рӯҳ муноҷот менамоянд, зеро моҳияти аслии иди Қурбон ин «наздикӣ ҷустан ба Зоти беҳамто ва якто» мебошад. Ин амр имкон медиҳад, ки инсон зоҳиру ботини худро покиза гардонад ва барои иҷрои фармудаҳои Худованди муттаол аз қабили омӯхтани илму дониш, эҳсону саховатмандӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву адолат, раҳму шафқат, тарғиби ахлоқи ҳамида ва дигар корҳои хайру савоб кӯшишу талош намояд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои динӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги исломӣ дар зиндагии халқи мо дар баробари арзишҳои олии миллӣ ва инсонӣ мақому манзалати баланд касб намуданд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд.
Адои фаризаҳои динӣ ва расму одоби мазҳабӣ бояд танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда дар қаламрави мамлакат ва суннатҳои гузаштагон амон сурат гирифта, ба рушди ҷомеа ва пешрафти зеҳнии мардум мусоидат намояд.
Маҳз сиёсати хирадмандона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯзҳо тамоми мусулмонони кишвар, новобаста аз мансубияти миллӣ, озодона тамоми фаризаҳои диниро адо карда истодаанд ва аз чунин эътибор қаноатманду миннатпазир ҳастанд. Бо ташаббус ва дастури Раиси вилояти Суғд мухтарам Абдураҳмон Қодирӣ хамасола дар остонаи иди Қурбон шахсиятҳои хизматкарда, оилаҳои камбизоату ятимон аёдат карда мешаванд, ки ин амал низ аз рукнҳои инсондустӣ ба шумор меравад.
Бояд зикр кард, ки гурӯҳи зоирини мо имсол низ ҳамроҳи дигар зоирини шаҳру навоҳии кишвар барои адои фарзи ҳаҷ ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карданд. Итминони комил дорам, ки онҳо баъди адои маросими ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста, махсусан дар байни ҷавонон нақши арзанда мегузоранд.
Бори дигар, ҳамаи шуморо бо иди Қурбон сидқан табрик намуда, ба хонадони ҳар кадоматон ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ ва файзу баракатро орзумандам.
Идатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода