30 Май 2017
Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии махсусгардондашудаи табобатии хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Ба ин муносибат Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ин муассисаи кӯдакон омада шодишарики тарбиятгирандагон шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳозиронро бо иди кӯдакон табрик намуда, бобати ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳамзамон зикр намуд, ки мақомоти маҳаллӣ дар навбати ба муассисаҳои иҷтимоии кӯдакон эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Барои ҷамъомадагон бо кӯмаки мураббиёни муассисаи мазкур аз ҷониби кӯдакон барномаи идонаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҳамаи 73 нафар тарбиятгирандагони ин парваришгоҳ тӯҳфаҳою бозичаҳои бачагона тақдим намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 67 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд.