26 Май 2013
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо иштироки рассоми ҷавон бо номи «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устод»-ро вохӯрии судаманд доир гардид.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Насиба Эшонова оғоз бахшида, зикр кард, ки мақсад аз ин нишаст барқарор намудани робитаи наслҳои ҷавон ва миёнаи рассомон, ҷалб намудани чавонон ба талошҳои эҷодӣ, рақобати солими эҷодкорӣ ва тарбияи рассомони ҷавон дар рӯҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ ва сайқал додани маҳорати касбии онҳо мебошад.Устоди рассомон Восид Абдураҳмонов дар баромадаш қайд кард, ки дар замони шӯравӣ барои рассомони ҷавон чун ҳозира имконияти мусоид барои пешкаши эҷодиёти хеш ба тамошобинон набуд, бо вуҷуди ин ҷавонон баҳри расидан ба қуллаҳои баланди касбӣ мекӯшиданд.
Ҳайкалтарош Рустам Маҷидов ва рассом Абдураҳим Ҷабборов ҳам сухан карда, доир ба эҳтиёт намудани асарҳои хеш ва омӯхтани ҳунари рассомӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ин чорабинӣ пас аз бист сол барои аз нав эҳё гаштани маҳфили рассомони ҷавон мусоидат намуд ва он армуғони арзандаест барои эҷодкорони соҳаи санъати тасвирӣ.