22 Май 2013
Мавсими кор дар корхонаҳои коркарди маваю сабзавот оғоз гардид. Ба ин хотир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо ҳадафи ошноӣ аз рафти омодагии корхонаҳо ба мавсими имсола аз чанд корхона дидан кард.
Нахуст Раиси шаҳр ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Лаъл», ки ба истеҳсоли зарфҳои шишагин муваззаф гардидааст, омада, бо роҳбарият ва кормандони он сӯҳбат гузаронд ва аз сехҳои корхона дидан намуд.
Маълум гардид, ки феълан дар ду сехи коргоҳ 217 нафар дар се баст фаъолият карда, шабонарӯзӣ 29-30 ҳазор дона банкаҳои дулитра истеҳсол менамоянд. Директори генералии ҶСК «Лаъл» Мирзоҳалим Мирзокаримов зимни пурсиши Раиси шаҳр гуфт, ки мавсими имсола аз 10-уми май оғоз гардида, барои ҷалби кормандон ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
То санаи 1 июни соли равон теъдоди коргарон то ба 300 нафар ва музди миёнаи меҳнат аз 600 сомонӣ то ба 800 сомонӣ расонида мешавад.
Коргоҳ дархостро барои истеҳсоли зарфҳои шишагини дулитра аз Корпоратсияи хӯроквории вилоят ва корхонаи «Айдинов»-и шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон қабул кардааст. Барои ин маҳсулоти хомро аз ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Шаҳристон, шаҳраки Консой (80 фоиз маҳсулоти ватанӣ) ва давлатҳои Русияю Хитой дастрас менамояд.
Соли гузашта ҶСК «Лаъл» ҳаҷми истеҳсолотро ба 19 миллиону 635 ҳазор қуттии шартӣ ё ба маблағи 5 миллиону 942 сомонӣ расонида буд. Ҳол он ки корхона дар як сол иқтидори истеҳсоли 100 миллион қуттии шартиро дорад. Феълан дар анбори корхона ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёр-зарфҳои шишагини 1-2 литра мавҷуданд, ки интизори харидор мебошад.
Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати консервбароии шаҳри Хуҷанд» боздид ба амал овард. Директори генералии коргоҳ Абдурабӣ Сангинов зикр намуд, ки шурӯъ аз 25-уми май мавсими имсола оғоз меёбад. Дар асоси шартномаҳои баимзорасида байни коргоҳ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилоят дар мавсим бояд 500 тонна зардолу ва 1500 тонна ангур қабул ва коркард шуда, мувофиқи нақша истеҳсоли маҳсулот то ба 3 миллион қуттии шартӣ расонида хоҳад шуд.
Коргоҳ дар мавсими имсола боз 60 ҷойи нави кориро барои ашхоси бешуғл муҳайё кардааст. Алҳол маоши кормандон ба ҳисоби миёна баробари 428 сомонӣ мебошад. Масъалаи ҳалталаб дар ин коргоҳ низ ба фурӯш нарафтани маҳсулот аст. Дар анбор ба маблағи як миллион сомонӣ хамираи помидор, консентрати афшура ва шарбати мева нигоҳ дошта мешаванд.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба Корхонаи муштараки «Хуҷанд-Пакижинг» омада, бо фаъолияти он шинос шуд. Директори генералии корхона Мунирхон Маъсумов иттилоъ дод, ки алҳол ба истеҳсоли шарбати мева машғул буда, хатти нави технологӣ барои истеҳсоли шарбати мева насб гардидааст. Коргоҳ метавонад дар як шабонарӯз 5,5 - 6 ҳазор банка шарбат истеҳсол намояд. Феълан 48 нафар машғули кор буда, маоши хуб мегиранд. Маҳсулоти коргоҳ бештар ба давлатҳои Қазоқистон ва
Русия содир карда мешавад.
Барои беҳтар намудани фаъолият коргоҳ бо хоҷагиҳои деҳқонии вилоят, бахусус ноҳияи Бобоҷон Fафуров шартнома ба имзо расонида, тибқи он бояд 600 тонна меваро қабул ва коркард намояд. Роҳбарияти КМ «Хуҷанд-Пакижинг» аз суст будани фурӯши маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар нигаронӣ намуд. Ин аст, ки алҳол дар анбор ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ шарбати тайёр ва ба маблағи 160 ҳазор доллари амрикоӣ хамираҳои меваҳои зардолу, шафтолу ва себ мавҷуданд.
Хотиррасон мекунем, ки корхона аз соли 1998 инҷониб фаъолият карда, бо маҳсулоти истеҳсолкардааш аз рӯи тамғаи «Зулол» дар Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардааст.
Барои саривақт ва муташаккилона ба фурӯш рафтани маҳсулоти тайёри ҶС «Комбинати консервбароии шаҳри Хуҷанд» ва КМ «Хуҷанд-Пакижинг» роҳбарияти шаҳр ва корхонаҳо ба хулосае омаданд, ки рӯзи шанбе барои шаҳрвандон ярмарка-фурӯши маҳсулотро гузаронанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримовро ҳангоми боздид аз ин корхонаҳо муовини Раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов, роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Биволида Самадова ва мудири шӯъбаи энергетика ва саноати МИҲД-и шаҳр Абдураҳим Солиев ҳамроҳӣ намуданд.