30 Январ 2016
Сокинони маркази вилоят ва харидорон аз маҳсулоти босифату тару тозаи деҳқонон харидорӣ намуда аз нархҳои нисбатан арзон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Хоҳишмандон-харидорон имкон доштанд тамоми маҳсулоти пешкаш шударо бо нархҳои то 25 фоиз арзон нисбати нархҳои муқаррарии бозору марказҳои савдо харидорӣ намуда, барои рӯзгори худ ва истифодаи рӯзгор захира намоянд.
Дар намоиш –фурӯш нархи як килограмм гӯшт то 26-27 сомонӣ, равған 10 с 20 дирам, сабзӣ 80-90 дирам, риёз 1с-1с 50 дирам, картошка 1 с 20 1 с 89 дирам, биринҷ бошад 6 сомонӣ-6 с.50 дирам арзиш дошт.