(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Низоми кредитӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.«Сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин унвон дошт конференсияи илмӣ- амалие, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.
Конференсияро директори донишкадаи мазкур номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки конференсияи имрӯза, ки барои беҳдошти сифати таълим дар мактабҳои олии кишвар бахшида шудааст, ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар Паёми имсола се самти стратегии кишвар- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ махсус зикр шуда, Ҷаноби Олӣ вобаста ба таҳавуллоти сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ аз кулли маорифчиён, масъулини мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ даъват ба амал оварданд, ки дар самти забономӯзӣ, огоҳ будан аз навигариҳои илму техника, фаъол бошанд. Зеро фардои ин миллати созандаро маҳз бо забондониву мусаллаҳ будан бо дониши техникии муосир пеш бурдан  имконпазир аст.
Конференсияи имрӯза бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти кишвар доир гардида, ҳадаф суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмиллалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва ба рақобати бозори меҳнат омода намудани мутахассисон мебошад.
Мирзотоҳир Набиев, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар суханронии хеш зикр сохт, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриамон аллакай то 50 дарсади донишҷӯёне таҳсил карда истодаанд, ки тавассути Маркази миллии тестӣ дохил шудаанд ва аз рӯи фикру ақидаи бештари кормандони макотиби олӣ сатҳи донишандӯзи ва азхудкунӣ беҳтар шуда истодааст. Яъне гуфтан мумкин, ки сифати қабул беҳтар шуд. Акнун донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки мутобиқи дархосту умеди донишҷӯёни нав сатҳи таълимро баланд бардошта, сифати онро беҳтар кунанд ва тарзи дарсгузарониву имтиҳонгириро ба қобилияти аксари донишҷӯён мутобиқ кунанд, то ин ки сифати таҳсил беҳтар шавад. Ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки сифати хатм беҳтар шавад ва онҳо ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ шаванд.
Мирзоқосим Каримов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд салому сипосмандии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро барои ташкилкунандагон ва иштирокдорони ин ҳамоиши илмӣ расонда, қайд намуд, ки  конференсия дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, он барои сифатан беҳтар шудани таълим ва омода намудани мутахассисони  баландихтисос замина мегузорад.
Сафаралӣ Гадоев, ноибректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зимни маърӯзаи хеш таъкид намуд,ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доири таълиму тарбия  чораву тадбирҳои муассир меандешад. Яке аз ҳадафҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз тарбияи ҷавонони эҷодкору навовар мебошад.
Директори донишкада Дилафрӯз Сангинова дар мавзӯи «Ҳамоҳангсозии сифати таълим, таҳсил ва хатм заминаи рақобатпазирии хатмкунандагон» маърӯзаи илмӣ намуда, аз ҷумла баён дошт, ки низоми дохилидонишкадавии таъминоти сифат дар донишкада  аз  самтҳои,-   мундариҷаи таълим, технологияи таълим, донишҷӯ- устод, таъминоти иттилоотии раванди таълим, пояи моддии техникии раванди таълим иборат аст.
Ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  Анвар Мақсудов дар мавзӯи «Низоми кредитӣ омили баландшавии сифати таҳсилот ё баръакс» баромад намуда, аз таҷрибаҳои ҷоришавии низоми кредитӣ дар малакатҳои пешрафтаи олам амсоли  Иёлоти Муттаҳидаи Амрикаву кишварҳои Аврупо мисолҳо овард. Қайд шуд, ки аз ҷорӣ шудани низоми кредитӣ дар мактабҳои таҳсилоти олии касбии кишвар чанд сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз талаботи ин навъи низом дар мамлакати мо ба пуррагӣ иҷро нагардидааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба сифати фанҳои тахассусӣ кам аҳамият дода, баръакс он фанҳое, ки пештар донишҷӯ аз он тасаввурот дошт, боз такроран мегузаранд. Замоне фаро расидааст, ки ба донишҷӯ танҳо он фанҳоеро бояд таълим диҳем, ки вобаста ба ихтисосаш бошад. Анвар Мақсудов мӯътақид аст, агар  устодон таҷрибаи пешрафтаи низоми таълимдиҳиро наомӯзанд, яъне ҳамқадами замона набошанд, пас маҳсули меҳнати онҳо бефоида аст. Номбурда бо мисолҳои воқеӣ нишонаҳои низоми кредитиро дар муассисаҳои олӣ баён дошт.
Ноибректор оид ба таълими Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, профессор Маҳмудҷон Тошматов зимни гузориши илмӣ баён дошт, ки барои беҳдошти сифати таълим пеш аз ҳама ба сифати кадр, мавзӯъ ва мундариҷаи фанҳо, пояи озмоишгоҳҳо, истифодаи технологияи муосир, фаҳмиши дониши воқеии донишҷӯён ва назорати қатъӣ аз болои дарсомузии муҳассилин  бояд аҳамият дод.
Зафар Усмонов, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ, доктори илмҳои физика ва математика дар бораи зарурияти ворид намудани омӯзиши лингвистикаи компютерӣ дар мактабҳои кишвар сухан ронда, қайд намуд, ки имрӯз ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки ҳар як миллату халқият бояд дастоварду соҳибтамаддунии худро тариқи шабакаи байналмилалии Интернет муаррифӣ намояд. Мутаассифона, дар ин самт ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд ба сомон дод. Аввалин қадамҳо бо сохтани ҳуруфи тоҷикӣ гузошта шуд. Бо ширкати бонуфуз Майкрософт шартномаи ҳамкорӣ баста шуд. Ва имрӯз дар шабакаи байналмилалӣ ҳуруфоти тоҷикӣ амал мекунад, ки дар ин самт саҳми устодони Донишкадаи политехникӣ хеле калон аст. Аммо ба ҷузъ аз ихтирои ҳуруфи сирфи тоҷикӣ, ҳамчунин дигар афзалиятҳо ин барнома аз қабили тафтиши автоматики орфографӣ, луғатномаи электронӣ ҳанӯз бояду шояд дар ҷомеа кор фармуда намешавад. Мо омодаем, ки ҳамкориро бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин васоити ахбори омма зичтар намоем.
Бо ҳамин қисми аввали конференсия анҷом ёфта, дар қисмати дуюми конференсия муаллифони мақолаҳои илмӣ дар ҷаласаи планерӣ навиштаҳои худро асоснок карданд.
Кори конфронс давоми ду рӯз идома ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...