17 Май 2013
Таҷлили 68-солагии Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардид.
Табрикоти самимии Сарвари давлат, ғамхорию меҳрубонии Ҷаноби Олӣ, роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд аз тарафи иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, оилаҳои бесаробонмонда, заҳматкашони ақибгоҳ бо сипосмандӣ ва қаноатмандӣ пазируфта шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шӯъбаҳо, бахшҳои он, комиссариати ҳарбӣ, афсарон ва сарбозони гарнизони Суғд барои ботантана қайд кардани ҷашни фархунда корҳои зиёди ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ анҷом доданд.Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони Маҷлисҳои шаҳрию вилоятӣ, роҳбарони ташкилотҳо, корхонаю идораҳо, соҳибкорони саховатманд собиқадорони ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳро аёдат намуда, бо иди бузурги Fалаба табрику таҳният гуфтанд.
Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи онҳое, ки барои ташкил кардан ва бо шукӯҳ ҷашн гирифтани 68-солагии Fалаба саҳми калон гузоштанд, миннатдории самимӣ изҳор мекунад.
Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Хуҷанд